Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳамлу нақли бор дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба андозаи қариб 2% коҳиш ёфт, - гуфт вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи моҳҳои январ-июни соли равон тавассути тамоми навъи воситаи нақлиёт каме бештар аз 8,6 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст.
«Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилгард мутаносибан ба андозаи 9,8 ва 13,7% афзуда, тариқи нақлиёти роҳи оҳан бошад, ба миқдори 14,2% коҳиш ёфт», - таъкид кард вазир.
Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сабаби коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли борро ба қатъи ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануб тавассути қаламрави Ӯзбекистон марбут медонанд.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 16-уми ноябри соли гузашта ҳаракати қатораҳо ба вилояти Хатлон қатъ гардид.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, дар зарфи шаш моҳи соли равон ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ба андозаи 1,7% афзуда, шумори умумии мусофирони аз хизматгузории роҳи оҳан истифоданамуда дар ин давра ҳудуди 84 млн. нафарро ташкил додааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста