Бар асари поин рафтани нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, даромади Тоҷикистон аз содироти он коҳиш ёфт.
Дар гузориши семоҳаи Раёсати таҳлилии Бонки рушди авруосиёӣ (БРАО) таҳти унвони «Макромониторинги ИДМ» гуфта мешавад, ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи авали соли ҷорӣ 7,2%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, қайд мекунанд таҳлилгарони бонк, истеҳсолоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 14,6%, аз ҷумла бахшҳои бофандагиву дӯзандагӣ дар ҳаҷми 80% афзоиш ёфтаанд. Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 1,2 маротиба зиёд шуда, ба афзудани содироти ин маҳсулот ба андозаи 65,1% имкон фароҳам овард.
«Аммо поин рафтани нархи ин ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ба коҳиши даромади Тоҷикистон аз содироти ин маҳсулот боис гардид, - таъкид мегардад дар гузориши БРА. – Дар маҷмӯъ, коҳиши нархҳои содиротӣ ва болоравии нархҳои воридотӣ ба касри тавозуни савдои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 50,3% ба ММД оварда расониданд».
Дар гузориши таҳлилии «Макромониторинги ИДМ» зикр мегардад, ки дар семоҳаи аввали соли равон иқтисоди кишварҳои узви ИДМ суръати пешинаи афзоишро нигоҳ доштааст. Ҳаҷми афзоиши он дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 4,65%-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта (4,67%) камтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста