Корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1»-и минтақаи Сариқамиш дар Тоҷикистон ба андозаи беш аз 70% ба иҷро расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, аз чуқурии лоиҳавии 6 ҳазору 300 метр то санаи 25-уми июл 4 ҳазору 690 метри чоҳ парма шудааст.
Ба иттилои манбаъ, захоири пешбинишудаи газ дар минтақаи Сариқамиш дар ҳаҷми 18 млрд. метри мукааб, нафт ба андозаи 17 млн. тонна ва гази омехташуда дар таркиби нафт ба миқдори 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.
Дар робита ба анҷоми корҳо дар чоҳи «Шаҳринав-1» (36 километрии ҷанубу ғарби Душанбе) аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, ки маъмулан барои сохтмони ба ин монанд чоҳҳо на камтар аз 2-2,5 сол вақт зарур аст. Gazprom International ба корҳои парамакунии чоҳи «Шаҳринав-1» 7-уми декабри соли 2010 оғоз бахшида буд.
Аввали соли равон зимни вохӯрии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо чанде аз намояндагони мақомоти раҳбарии Gazprom International зикр гардида буд, ки корҳои пармакунӣ дар майдони нафтугаздори Сариқамиш тибқи нақша соли равон ба итмом мерасанд.
Дар Тоҷикистон умедворанд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани чоҳи «Шаҳринав-1» ҷумҳурӣ истиқлолияти бо газ ва нафти худӣ таъмин буданро ба даст оварда метавонад. Айни замон Тоҷикистон газро аз Ӯзбекистон ва маҳсулоти нафтиро аз Русия, Туркманистон ва дигар кишварҳо ворид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста