Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешниҳоди эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ мавриди амал қарор дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи андоз хабар доданд, мутобиқи он, расмиёти пешниҳоди эъломияҳои андоз пурра автоматӣ гардида, шуда, акнун андозсупорандагон метавонанд бе ташриф овардан ба мақомоти андоз эъломияҳои худро пешниҳод намоянд.
Ба иттилои манбаъ, эъломияи андозе, ки дар шакли электронӣ пешниҳод мегардад қувваи ҳуқуқӣ дошта, бо хоҳиши андозсупоранда амалӣ карда мешавад.
«Тартиби пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ имконияти сарфаи вақти корӣ ва ҳуҷҷатгузории иловагиро ихтисор менамояд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти кумита.
Зикр гардид, ки андозсупорандагоне, ки хоҳиши пешниҳоди эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ доранд, ба КВД «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз» муроҷиат намуда, ҳамчун муштарӣ дар Маркази сертификатсияи калидҳои кушодаи имзои электронии рақамӣ бақайд гирифта мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста