Бо назардошти муроҷиати сарвари давлат оид ба расонидани кӯмаки молиявӣ ба соҳибкорону тоҷирон, ҶСК «Агроинвестбонк» ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои хурди гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии бонки мазкур дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, аз 16 корхонаи хурди минтақа дархости қарз дар ҳаҷми 3 млн. 625 ҳазор доллари ИМА қонеъ карда хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, давоми моҳҳои июл ва август ба маблағи 250 ҳазор доллари ИМА қарзҳои нахустин пешниҳод шуда, дархостҳои боқимонда мавриди омӯзиш ва маблағгузорӣ қарор доранд. «Миёни қарзгирандагон мизоҷони боэътимоди мо низ ҳузур доранд, ки барои онҳо қарзҳо на таври маъмулӣ барои як сол, балки барои 1,5 сол дода мешаванд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 6 моҳи соли равон ҶСК «Агроинвестбонк» дар ин минтақа 29 млн. сомонӣ қарзҳо пешниҳод намудааст, ки 5 млн. 178 ҳазор сомонии онро корхонаву муассисаҳои соҳаи саноат, сохтмон ва нақлиёт дасрас кардаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста