Мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Истамбул, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешавад, ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада, шикоят карданд, ки муддати 5 соат парвози ҳавопаймо мутаваққиф шудааст.
«Ба мо дар бораи сабаби таваққуфи парвоз чизеро шарҳ надода, ҳамчунин моро ба оби нӯшокӣ ва ғизо таъмин накарданд. Чанд маротиба вориди ҳавопаймоямон карданду боз аз он берун оварданд», - гуфтанд онҳо.
Дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, ки бозистии парвози ҳавопаймо ба ниҳоят зиёд будани қабулу парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Истамбул вобаста будааст. «Ҳангоме ки ба парвоз иҷозат шуду мо мусофиронро ба ҳавопаймо ворид намудем, дар ҳавопаймо камбуди фаннӣ ошкор гардид ва баҳри таъмини амнияти парвоз зарурати бартараф кардани он ба миён омад. Аз ин рӯ, лозим омад, ки мусофиронро боз дар толори интизории парвоз ҷой диҳем. Айни замон камбуди фаннӣ бартараф шуда, ҳавопаймо ба парвоз омода аст», - гуфтанд дар ширкат.
Ҳамчунин намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ таъкид карданд, ки мусофирон пас аз се соати таваққуфи парвоз бо ғизои гарм ва дар тамоми муддати интизорӣ бо оби нӯшокӣ дар шишаҳо таъмин карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста