Дар иди асалу харбуза дар шаҳри Душанбе, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, беш аз 120 тонна асал ва 150 тонна харбуза ба фурӯш бароварда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, Иди асалу харбуза дар панҷ бозори пойтахт – «Шоҳмансур», «Варзоб», «Қарияи Боло», «Саховат» ва «Деҳқон» доир гардид.
Дар ин бозорҳо ба сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марзказ пешкаш гардид.
Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти кишоварзии дар чорабинии идона пешниҳодшуда бо нархҳои нисбатан арзон фурӯхта шуданд. «Масалан, як кило асал то 30 сомонӣ ва як дона харбуза то 8 сомонӣ арзиш дошт. Дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои 30-50% поинтар аз нархи бозор пешниҳод гардиданд», - гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста