Мақомоти раҳбарии Эрон омодагии худ ба табодули об бо нерӯи барқ бо Тоҷикистонро изҳор кард, - иттилоъ медиҳад оҷонсии эронии Pana News .
«Агар Тоҷикистон тавассути рӯдхонаҳои худ Эронро бо ҳаҷми зарурии об таъмин намояд, Эрон ба ивази он ин кишварро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард», - гуфтааст муовини вазири энергетикаи Эрон Алиризо Доимӣ.
Алиризо Доимӣ изҳор доштаст, ки Эрон тавассути сармоягузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқии «Сангтӯда-2» ва «Айнӣ» омода аст, ки талаботи Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин созад.
«Такмили ин нерӯгоҳҳо миёни се кишвари минтақа – Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон як коридори обиву энергетикиро бунёд мекунад ва дар сурати ба ин коридор пайвастани Туркманистон, ҳамкориҳои минтақавӣ миёни кишварҳо тақвияти бештар хоҳанд ёфт», - таъкид доштааст Доимӣ.
Номбурда таъкид сохтааст, ки Туркманистон низ барои таъмини Эрон бо об аз имконоти зиёде бархӯрдор аст. «Дар Туркманистон барои сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқӣ имконоти зиёде мавҷуд аст ва мо ба сармоягузорӣ дар ин бахш омодаем», - афзудааст ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста