Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори лоиҳаи байналмилалии Агентии энергетикии олмонии Dena Наргис Вик, роҳбари корхонаи олмонии BAE Batterian GmbH Ян Айсперт ва роҳбари ширкати DPU Investment GmbH-и Олмон Томас Меттин баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, истифодаи энергияи барқароршаванда, энергияи офтобӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд.
Пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо ду меморандум - Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии олмонии Dena ва Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи BAE Batterian GmbH ва ширкати DPU Investment GmbH ба имзо расид.
Санадҳои баимзорасида масъалаҳои ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, татбиқи лоиҳаҳо дар самти энергияи барқароршаванда, энергияи офтобӣ, ҷалби сармояҳо ҷиҳати лоиҳакашӣ, таъсис ва истифодаи энергияи офтобиро дар бар мегиранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста