Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар кори ҷаласа кормандони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои бахши истихроҷи кишвар, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Институти «Ҷомеаи кушод» Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) ширкат варзиданд.
Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов ба кори ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳор кард, ки ҷараёни ҷорисозии Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон иқдоми муҳимест, ки ба истифодаи пурсамари захираҳои ғании табиӣ баҳри рушди устувори иқтисод шароити мусоид фароҳам меоварад.
«Барои ноил гардидан ба мақсадҳои пешбинишуда фаъолияти ҳадафноки сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ бо иштироки фаъолонаи созмонҳои байнулмилалӣ зарур аст», - таъкид кард ӯ.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои интихоб ва тасдиқи аъзои Шӯро, таҳияи Нақшаи кори амалисозии Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ барои солҳои 2012-2014, омодасозии дархост барои гирифтани мақоми кишвари номзад ба Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ ва дигар масоили тадорукотӣ баррасӣ шуданд.
Ёдрас мекунем, ки Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон дар асоси қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ», ки ахири моҳи августи соли равон қабул гардид, таъсис дода шуд. Ба ҳайати Шӯрои мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони бахшҳои истихроҷи кишвар шомиланд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста