Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии вилояти мухтори Синҷону Уйғури Чин ба кор шурӯъ кард, ки бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини аввали нахуствазири кишвар Матлубхон Давлатов изҳор кард, ки Тоҷикистон ба воридоти технологияву таҷҳизоти муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳкориву сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра манфиатдор аст.
«Ин намоишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи соҳибкорони тоҷик қарор гирифта, барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкони хуб фароҳам хоҳад сохт», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ҳудуди 300 номгӯйи маҳсулоти 70 ширкати Чин аз қабили таҷҳизоти электротехникӣ, технологияҳои компютериву рақамӣ, маҳсулоти саноату сабуку кишоварзӣ, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмону мебел ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин маҳсулоти ширкатҳои сохтмону роҳ, техникаи маишӣ, мошинҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти тиббӣ, сарулибосу пойафзол, маҳсулоти ғизоӣ, маводи мавриди истифодаи умум ва ғайра низ пешкаш мегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста