Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо сафири Фарноса дар Тоҷикистон Диде Леруа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Қосим Қосимов сафирро бо дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ошно сохта, таъкид кард, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ҳафт барномаи соҳавӣ мавриди татбиқ қарор доранд. «Ин барномаҳо амалисозии маҷмӯи васеи чорабиниҳо дар бахшҳои рустанипарвариву чорводорӣ ва такмили зербинои соҳаи кишоварзиро фаро мегиранд»,- гуфт ӯ.
Қосимов бахусус ҳамкории дар ҳоли рушд қарордоштаи Тоҷикистону Фаронса дар бахшҳои борғпарвариву чорводориро таъкид намуд. «Ҷонибҳо ҳамчунин имкони роҳандозии ҳамкориҳои судманд ва табодули таҷриба миёни фермерони тоҷику фаронсавиро низ баррасӣ карданд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ.
Ёдрас мекунем, ки аз ин пештар Диде Леруа бо вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов ва вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳмизода низ дидору гуфтушунид анҷом дода буд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Фаронса каме бештар аз 2,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки қариб пурра ба воридоти маҳсулот аз Фаронса рост меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста