Вазъи камбуди гази моеъ дар вилояти Суғд ба эътидол омад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов хабар дод, дар се рӯзи аввали ҳафтаи равон ба вилоят дар маҷмӯъ беш аз 450 тонна гази моеъ ворид карда шудааст.
«Аз рӯзи 10-уми ҳамин моҳ дар қаламрави вилоят камбуди шадиди гази моеъ ба мушоҳида расида, дар ин рӯзҳо аз 230 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамагӣ 50%-ашон фаъолият доштанд ва феълан аллакай 80%-и онҳо дубора ба фаъолият пардохтанд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, авали ҳафтаи ҷорӣ раиси вилояти Суғд ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳбуди таъмини вилоят бо ин навъи сӯзишворӣ ва дастрас будани он ба аҳоливу соҳибони воситаҳои нақлиёт супориш додааст.
Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати минтақавии гумруки ҶТ дар вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон ба қаламрави вилоят 49 ҳазору 825 тонна гази моеъ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 700 тоннаро ташкил медод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста