Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон фаъолияти 10 корхонаи коркарди пахта дар вилоятро манъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон Икромиддин Валиев хабар дод, бо дастури раиси вилоят дар 17 корхонаи коркарди пахта ва қабулгоҳҳои нахи пахта санҷиш гузаронида шуда, дар 11-тои онҳо риоя накардани талаботи давлатӣ ва қонунгузории кишвар ошкор гардидаанд.
«Ин корхонаву қбулгоҳҳо бидуни санҷиши сифати пахта, яъне сатҳи намнокиву равғаннокӣ онро қабул мекарданд, зеро барои санҷиши ин нишондиҳандаҳо таҷҳизот надоштанд, - мегӯяд Валиев. – Масалан, сокини ноҳияи Ҷомӣ Раҳматулло бидуни ҳеҷ иҷозатномае аз кишоварзон пахта қабул намуда, ҳатто дар мақомоти андоз сабтином нагардида ва ғайриқонунӣ ба ин фаъолият машғул буд. Дар ноҳияи Ҷиликӯл бо ин гуна фаъолият ҶСП «Сано» машғул буд, ки дар он барои қабул ва санҷиши пахта ҳеҷ шароите мавҷуд нест. Дар ин ҷо ҳатто тарозу вуҷуд надошта, пахтаро дар ҷои дигар бармекашиданд».
Ба гуфтаи Валиев, нисбати ҳамаи қонуншиканон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи умумии ҷарима 13 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст.
«Ба 10 корхона дастур дода шуд, ки то бартараф кардани камбудиҳо умуан ба қабули пахта машғул набошанд ва дар сурати ба инобат нагирифтани нишондод, нисбати онҳо чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста