Дар кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе узви Кумитаи умури ИДМ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия Василий Лихачёв изҳор кард, ки қонунгузории Тоҷикистон ва дар навбати аввал Сарқонуни ҷумҳурӣ барои ҳамроҳшавии кишвар ба сохторҳои фазои пасошӯравӣ, аз ҷумла Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус ва Қазоқистон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ӯ зикр кард, ки аксари далоили зикршуда алайҳи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ аз он иборатанд, ки ин иттиҳод баъзе таркибҳои фавқулмиллӣ дорад, вале ин набояд кишварҳои узви онро ба ҳарос орад, зеро онҳо истиқлоли худро аз даст надода, танҳо як қатор ваколатҳои худро ба иттиҳоди навтаъсис медиҳанд.
Ғайр аз ин, Лихачёв таъкид кард, ки мухолифони ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ кӯшиш доранд, ки миёни узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва Иттиҳоди гумрукӣ зиддият пайдо кунанд. «Имрӯз Русияву Қирғизистон узви СҶТ мебошанд. Қирғизистон ба узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ наздик аст. Ба узвият пазируфтани Қазоқистон ба СҶТ дар арафаи анҷомёбист, яъне ҳеҷ зиддияте вуҷуд надорад. Баръакс, ин ба мақоми давлат тақвият мебахшад», - гуфт вакили Думаи давлатӣ.
В.Лихачёв ҳамчунин зикр кард, ки чанде аз мухолифони ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ба хотима бахшидан ба ин ҷараён даъват карда, баҳона пеш меоранд, ки дар ин раванд гӯё нияти Русия ба бунёди империяи нав ифода меёбад. «Афроди дорои чунин андеша ба мавҷудияти муътадили инсоният дар асри 21 халал мерасонанд», - иброз дошт вай.
Намояндаи Думаи давлатии Русия гуфт, ба афзалиятҳое, ки Тоҷикистон дар натиҷаи узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ соҳиб мешавад, мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Агар Тоҷикистон узви Иттиҳоди гумрукӣ гардад, ҷумҳурӣ ҳамасола танҳо зимни вориди маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби миёна 350 млн. доллари ИМА-ро сарфа мекунад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста