Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва пешниҳоди он ба мизоҷон, ҶСК «Агроинвестбонк» нахустин бор дар низоми интиқоли маблағҳо реҷаи кориро дар рӯзҳои истироҳат ҷорӣ менамояд.
Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд, акнун бахши интиқоли маблағҳои Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» рӯзҳои якшанбе низ, шуруъ аз соати 8-00 пагоҳӣ то соати 13-00 ба мизоҷон хизмат мерасонад.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдоми нави Бонк метавонад барои ҳалли мушкилоти баъзе маблағгирандагон, ки мехоҳанд маблағҳои худро дар рӯзи истироҳат, яъне якшанбе ба даст оваранд, мусоидат намояд.
Зикр гардид, ки акнун сокинони шаҳри Душанбе ва манотиқи атрофи он, ки пештар дар рӯзҳои корӣ барои ба Бонк муроҷиат кардан имконият надоштанд, метавонанд дар ҳама рӯзҳои ҳафта, ҳатто рӯзи якшанбе маблағҳои аз хориҷ ба номи онҳо интиқолгаштаро дастрас намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста