Ҳаҷми пулҳои нақди сомонӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар муомилот қарор доранд, ба андозаи 370 млн. сомонӣ зиёд шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳанӯз моҳи январ ҳаҷми маблағи пули нақди дар гардиш қарордошта 2 млрд. 980 млн. сомониро ташкил дода, моҳи март ба миқдори зиёда аз 10 млн. сомонӣ коҳиш ба қайд гирифта шуд, вале имрӯз ин ҳаҷм аллакай 3 млрд. 350 млн. сомониро ташкил медиҳад.
«Ҳаҷми воситаҳои нақдии гардиш аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузориҳо, қарз, ба муомилот баровардани пулҳои нақди нав ва интиқоли маблағҳои пулӣ зиёд мешавад», - гуфтанд дар БМТ.
Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» Константин Бондаренко сабаби ин вазъро ба пардохти маош аз ҷониби корхонаҳо ва хизматгузориҳо аз ҷониби қисмате аз аҳолӣ бо пули нақд, афзоиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва зиёд шудани миқдори ба муомилот баровардашудаи пули нақд аз ҷониби Бонки миллӣ нисбат медиҳад.
Коршиноси бахши бонкӣ Баҳром Шарифов бо такя ба маълумоти Бонки миллӣ дар бораи миқдори пули нақд дар ҳаҷми зиёда аз 5 млрд. сомонӣ, ки 70%-и миқдори умумии пулро ташкил медиҳанд, изҳори нигаронӣ мекунад.
«Ин асоси таваррум аст. Дар Аврупо муомилоти пули нақд на бештар аз 10-15% аз миқдори умумии пул аст. То чӣ қадре ки пули нақд дар муомилот камтар бошад, ҳамон қадр иқтисод устувор хоҳад буд», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста