Чанд рӯз қабл мутахассис аз Британияи Кабир Ллойд Пакстон сарвари ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон таъин шуд. Дар ҳамин ҳол, маълум шуд, ки таъини шаҳрванди хориҷӣ ба мансаби директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ ба муқаррароти Кодекси ҳавопаймоии ҷумҳурӣ мухолифат мекунад.
Мувофиқи муқаррароти Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳатто дар сурати таъсиси ширкат бо иштироки сармояи хориҷӣ, ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони тоҷик роҳбарӣ карда метавонанд.
Дар робита ба ин масъала дар Кодекси ҳавопаймоии ҶТ гуфта мешавад, ба таъсиси ширкати ҳавопаймоӣ дар қаламрави Тоҷикистон танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ҳиссаи сармояи хориҷӣ дар сармояи оинномавии ширкат аз 49 фоиз бештар набуда, шумори кормандони хориҷӣ дар ин ширкат на зиёдтар аз се як ҳиссаро ташкил диҳад.
Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки шояд шаҳрванди хориҷӣ ба сифати мушовир ба кор қабул гардида бошад. Ба ҳар ҳол, дар иттилоияи ширкат зикр гардида буд, ки Ллойд Пакстон директори генералии ширкати «Сомон Эйр»таъин шудааст.
Дар Раёсати ҳавопаймоии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, сипас шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҷаноби Ллойд Пакстон ба вазифаи директори генералии ширкати «Сомон Эйр» таъин гардида, дар ин вазифа Алишер Рустамовро, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба вазифаи нав таъин гардидааст, иваз намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста