Бонки миллии Тоҷикистон нуқтаи назар оид ба он тоҷирону сарватмандоне, ки сармояи худро аксаран дар шакли нақдӣ нигоҳ дошта, бо бонкҳо муомилот намекунанд ва танҳо барои хариди молу мулк истифода мебаранд, инкор намуда, зикр мекунад, ки имрӯзҳо дилхоҳ амалиёти тиҷоратӣ тавассути суратҳисобҳои бонкҳои ватанӣ мегузаранд, зеро эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ-бонкии кишвар сол аз сол зиёд гашта истодааст.
Дар БМТ таъкид мекунанд, ки солҳои охир пайваста ва мунтазам ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии давлат гузаронида мешаванд, ки ин ҳама барои боло бардоштани боварии аҳолӣ равона карда шудаанд.
Тӯли солҳои охир афзоиши назарраси ҳаҷми пасандозҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзӣ ба назар мерасад, ки рушди солонаи он ба ҳисоби миёна дар се соли охир мувофиқан 32,1 ва 22,2 фоизро ташкил дода, аз 2,6 млрд. ва 1,2 млрд. сомонӣ то 4,4 млрд. ва 1,9 млрд. сомонӣ зиёд шудааст.
«Тамоили мазкур воқеан, аз болоравии эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар гувоҳӣ дода, барои вусъат ёфтани ҷараёни маблағгузории қарзӣ, таҳкимёбии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд», - омадааст дар иттилои БМТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста