Тендер оид ба интихоби сармоягузор ба коркарди кони нуқраи «Конимансури Калон» дар минтақаи шимоли Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузрӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Шуҳрат Раҳматбоев хабар дод, ҷаласаи охири комиссияи тендерӣ ояндаи наздик баргузор гардида, дар он тасмими ниҳоӣ гирифта хоҳад шуд.
«Довталаби коркарди кон консорсиуми иборат аз чор ширкат – «Казцинк»-и Қазоқистон, Glencore International (Швейтсария), «Конимансур» (Қазоқистон) ва ҶСК «Адрасмон» (Тоҷикистон) мебошад. Вале ин маънои онро надорад, ки тендер боздошта мешавад. Тедерро мо метавонем бо як иштирокчӣ ҳам идома диҳем», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, комиссия ҳуҷҷатҳои ниҳоиро қабул намуда, онро ба иштирокчии ягона пешниҳод мекунад, то ки иштирокчӣ ба ҳукумат пешниҳоди тендерии худро супорад ва агар ин пешниҳоди қобили қабули ҳукумат гардад, пас бо ғолиби тендер созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида, ӯ ба коркарди кон ҳуқуқ пайдо мекунад.
«Агар пешниҳоди тендерӣ дар ҳукумат қобили қабул нагардад, тендери такрорӣ эълон мегардад ё тендер доирнагардида шуморида мешавад», - изҳор кард Раҳматбоев.
Дар ҳукумат муътақиданд, ки ба ин монанд лоиҳаҳои бузургмиқёс баррасии дақиқи интихоби сармоягузорро тақозо мекунанд, зеро дар ин гуна лоиҳаҳо маблағи сармоягузориҳо бояд 3-4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил диҳанд.
«Конимансури Калон» - кон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад. Кони мазкур дар солҳои 70-80-уми асри XX тадқиқ карда шудааст. Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонн маъданро бо таркиби нуқра 49 г дар 1 тонна, сурб - 0,49 % дар 1 тонна ва руҳ – 0,38% дар 1 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқраи Конимансури Калон зиёда аз 50000 тонна мебошад.
Корпоратсияи байнулмилалии молимявӣ (IFC), узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба сифати мушовирон дар ин лоиҳа ҳузур дошта, ташхиси техникӣ аз ҷониби ширкати байнулмилалии Micon Int гузаронида шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста