Пас аз эҳсоси камбуди нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ ШСХК «Барқи тоҷик» интиқоли он ба Афғонистонро қатъ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, бо оғози истифодаи захираҳои обанбори нерӯгоҳи «Норак» содироти барқ ба Афғонистон, ки тавассути хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» дар мавсими тобистон амалӣ мегардид, боздошта шуд.
«Айни замон тариқи хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» шабонарӯзӣ 1-1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол мегардад, ки танҳо барои нигоҳдошти зербино пешбинӣ шудааст, яъне то ки симчӯбҳову сим ва дигар таҷҳизот дуздида нашаванд», - гуфт ӯ.
То ин замон ширкати «Барқи тоҷик» ба манотиқи шимоли Афғонистон шабонарӯзӣ 3,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медод. Дар мавсими тобистони гузашта ширкат ба сурати умум тақрибан 450 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба Афғоистон интиқол додааст.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз 7-уми октябр дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Айни замон манотиқи ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 14 соат – аз соати 4 то 10-и субҳ ва аз 16 то 24 шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳру марказҳои ноҳия нерӯи барқ алҳол мунтазам интиқол дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста