«Тоҷиктрансгаз» ният дорад, ки моҳи ноябр гуфтушунидҳо бо ширкати «Ӯзбектрансгаз» оид ба интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ дар соли 2013-ро оғоз намояд.
Тавре аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, феълан дар мавриди интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя мушкилоте ҷой надошта, масоили мавриди ихтилофи тарафайн оид ба интиқоли газ дар соли равон ҳанӯз моҳи апрел ҳал гардида буданд.
«Мувофиқи қарордод, соли 2012 мо аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намоем, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад», - изҳор карданд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст.
«Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд», - афзуданд дар ширкат.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста