Соли равон ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ду маротиба афзуда, то 515 ҳазор тонна расонида шуд, ки маблағи умумии он 180,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов хабар дод, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба миқдори 251 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёдтар мебошад. «Моҳҳои наздик нархи орд дар Тоҷикистон метавонад то ба 180 сомонӣ расад», - иброз дошт вай.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, агар нархи як халта орди навъи якуми воридотӣ дар моҳи июн 105 сомониро ташкил медод, пас моҳи август он ба 140 сомонӣ расид.
«Болоравии навбатии нархи орд дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест, зеро арзиши гандум дар саросари ҷаҳон боло меравад, аммо барои пешгирии камбуди он ҳаҷми зарурии гандум ба кишвар ворид мегардад», - гуфт Шарифов.
Ба иттилои вай, ояндаи наздик бо фармони президенти ҷумҳурӣ Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ ба харидории миқдори зиёди гандум аз Қазоқистон шурӯъ менамояд. «Айни замон захираҳои давлатии гандум ҳудуди 30 ҳазор тоннаро ташкил дода, баҳри устувор нигоҳ доштани бозор воридот ва ба фурӯш баровардани он идома меёбад», - афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон идома дорад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 900 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудаст, ки 772 ҳазор тоннашро гандум ташкил дода, тайи ду соли ахир ин нишондиҳандаи беҳтарин мебошад.
Талаботи яксолаи Тоҷикистон ба гандум наздик ба 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Зиёда аз 90%-и гандум аз Қазоқистон ворид мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста