Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар як муроҷиатнома ба аҳолии ҷумҳурӣ ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар муроҷиатномаи интишоргардидаи ширкат зикр мегардад, ки дар фаслҳои сарди сол, ки маҷрои дарёҳо, алалхусус дарёи Вахш, ки манбаи асосии гидроэнергетикии кишвар ба шумор меравад, кам мегардад, иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳо бамаротиб маҳдуд мешаваад ва аз ин рӯ, маҳдуд намудани интиқоли барқ ногузир мешавад.
«Дар ин давра захираи асосии барқи мо обанбори Норак аст. Дар он аз нуқтаи ниҳоӣ - 857 метр то нуқтаи техникии максималӣ – 910 метр, мо ҳамагӣ 53 метр об дорем, ки ҳаҷми он 4,5 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад. Аз ин обанбор нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, силсиланерӯгоҳҳои Вахш, «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ки ҳамаи онҳо ҷамъулҷамъ соле то 15 - 16 миллиард кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол менамоянд, самар мегиранд», - баён мегардад дар муроҷиатнома.
Дар идома гуфта мешавад, беш аз 90 фоизи истеҳсоли барқи Тоҷикистон ба маҷрои дарёи Вахш ва захираи об дар обанбори Норак вобастагӣ дорад. Вақте дар фаслҳои гарм маҷрои дарёи Вахш зиёд мешавад, нерӯгоҳи Норак аз ҳисоби оби маҷрои дарё кор мекунанд ва оби зиёдатӣ дар обанбор барои тирамоҳу зимистон захира карда мешавад. Мутобиқи ҳисоботи оморӣ, ба ҳисоби миёнаи мушоҳидаҳои ҳарсола дар фаслҳои гармо ва серобии дарё ба обанбори Норак дар ҳар сония то 2000-3000 мукааб метр ва баъзан аз ин ҳам бештар об ҷорӣ мешавад. Дар давраи зимистон бошад, воридоти об то ба 100- 150 мукааб метр.сония кам мегардад. Ана дар ҳамин овон лозим меояд аз оби захиравӣ, яъне обанбор истифода бурд. Барои пурра кор кардани НБО-и Норак 1300 мукааб метр . сония об лозим аст.
Тибқи ҳисобҳои мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик», оби обанбори Норак дар шароити мӯътадили обу ҳаво ба 112 шабонарӯз мерасад. «Ҳол он ки фасли камобӣ дар ҷумҳурии мо 200 рӯз ва агар тирамоҳу баҳор хунук биёянд, аз ин ҳам зиёд идома меёбад. Вобаста бар ин, агар дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ нагардад, аз нимаи дуюми моҳи январ сар карда, ҳам иқтисодиёт ва ҳам аҳолӣ, амалан муддати дароз бе нерӯи барқи барои истеҳсолот зарурӣ ва бе рӯшноиву гармӣ мемонанд», - омадааст дар муроҷиатнома.
Дар ҳамин ҳол, дар ширкати «Барқи тоҷик» содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар ин давраро рад месозанд. «Мутобиқи шартнома бо кишвари ҳамсояи Афғонистон, мо дар фаслҳои гарм, ки барқи зиёдатӣ дорем, ба кишвари ҳамсояи худ ҳар шабонарӯз ба миқдори то 250 то 300 МВт барқ медодем. Дар фасли зимистон бошад, мо интиқоли барқро қатъ намуда, барои ҳифзи хатҳои интиқоли барқ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ онҳоро ба андозаи то 10-15 МВт зери шиддат мемононем», - таъкид мегардад дар муроҷиатнома.
Дар фарҷоми муроҷиатнома ширкат аз тамоми истеъмолгарон дархост мекунад, ки ба истифодаи нерӯи барқ сарфакорона муносибат намоянд.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз санаи 7-уми октябри соли равон дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик» феълан манотиқи деҳоти кишвар шабонарӯзӣ 14 соат – аз соати 4 то 10-и субҳ ва аз соати 16 то 24-и шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳру маркази ноҳияҳо нерӯи барқ мунтазам интиқол дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста