Хоҷагиҳои деҳқонии давлатии Тоҷикистон 642,4 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 113 тонна бештар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҳаҷми умумии ҳосили зироати ғалладона 506,1 ҳазор тоннашаро гандум ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 68,6 тонна зиёдтар мебошад.
«Соли равон ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба таври назаррас зиёд шуд. Масалан, ҳосилнокии зироати ғалладона аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 24,4 сентнер ва гандум 25,2 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3 сентнерӣ зиёд аст», - гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.
Дар робита ба нақшаи имсолаи ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона ва гандум дар Вазорат аз эҳтимол дур намедонанд, ки нисбат ба соли гузашта ҳосили зироати ғалладона 100 ҳазор тонна ва гандум 200 ҳазор тонна зиёдтар шавад.
«Соли равон дар заминҳои лалмии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ боришот кифоя буд ва аз ин рӯ, мо аз афзоиши ҳосили гандум интизорӣ дорем. Ғайр аз ин, ба афзоиши ҳосилнокӣ ҳамчунин тухмиҳои хушсифати аз кишвари Краснодари Русия воридгардида низ мусоидат менамоянд», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 1 млн. тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки 435 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. Соли 2010 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 1,2 млн. тонна ва 547 ҳазор тоннаро ташкил дода буданд.
Дар Вазорати кишоварзӣ умедворанд, ки соли ҷорӣ ҳосили гандум ба 800 ҳазор тонна баробар хоҳад шуд.
Дар масъалаи қимати орд бошад, нархи як халта орди навъи якум (50 кило) аз гандуми маҳаллӣ 156 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нархи соли гузашта 30% зиёдтар аст. Нархи як халта орди навъи якуми воридотӣ дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна ба 175 сомонӣ барои 50 кило баробар аст.
Талаботи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил дода, аз нисф зиёди он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста