Ҳайати Тоҷикистон дар кори конфронси 11-уми вазирони барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ, СAREC), ки ахири моҳи равон дар шаҳри Вухани Чин баргузор мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки рушди Осиё (БОР) дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сармушовири президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ, ҳамоҳангсози миллии ҲМИОМ Неъматҷон Бӯриев сарварӣ хоҳад намуд.
Ба иттилои манбаъ, конфронс таҳти унвони «Амалисозии ҲМИОМ 2020: Нигоҳ ва амал» доир мегардад. «Стратегияи моҳи ноябри соли гузашта қабулшудаи «ҲМИОМ 2020» харитаи нави роҳ буда, барномаро баҳри ноил гардидан ба нигоҳи «Шарикони хуб, ҳамсояҳои хуб ва дурнамои хуб» равона месозад ва ба масоили тавсеъаи тиҷорат ва беҳбуди рақобатпазирӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад», - гуфтанд дар намояндагии БОР.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома беш аз 500 километр роҳҳои таъиноти минтақавии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ шуда, ин ба коҳиши хароҷоти роҳ, афзоиши даромади аҳолӣ, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳо ва хизматгузориҳои иҷтимоӣ, афзоиши рақобатпазирӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёту энергетика ва тиҷорат ба рушди ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Барномаи ҲМИОМ шарики даҳ кишвар – Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва шаш ниҳодҳои бисёрҷониба – БОР, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд, Барномаи рушди СММ ва Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Аз соли 2001 БОР ба ҳайси котиботи барномаи ҲМИОМ фаъолият дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста