Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар зарфи 9 моҳ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо то ахири сол муайян карда шуданд.
Дар маърӯзаи худ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умеди Давлатзод қайд кард, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 24,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,8 млрд. сомонӣ зиёд аст. «Суръати афзоиши воқеии ММД ба 7,5% расида, дар сохтори он истеҳсоли маҳсулот – 44,9, хизматгузорӣ – 42,2 ва андоз – 12,9%-ро ташкил дод», - гуфт муовини вазир.
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода зикр кард, ки сарфи назар аз ҳама мушкилот, дар ин давра иқтисоди ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардид, ки афзоиши ҳиссаи истеҳсоли маҳсулот дар сохтори ММД гувоҳи он аст. «Ин маънои онро дорад, ки дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд», - афзуд вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста