Як ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи махсуси VII-уми маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои «ExpoFood», ки чанде қабл дар шаҳри Сочи баргузор гардид, иштирок кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинии серӯза директори генералии ПСС вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев роҳбарӣ намуда, дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои тоҷикистонии ҶСП «Оби зулол», ҶСК «Комбинати консерваи Хуҷанд», ҶСП КМ «Хуҷанд Пакежинг», ҶДММ «Кулқанд», ҶДММ «Баракат Исфара» ва ҶДММ «Исфарафуд» ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳ соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни худ дидору гуфтушунид анҷом доданд. «Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон дар кори конфронс, семинар ва мизҳои гирд, ки ба масоили тақвияти ҳамкорӣ бахшида шуда буданд, низ ширкат варзид», - гуфтанд дар ПСС ҶТ.
Зимни суханронӣ дар чорабинии мазкур М.Зиёбоев таъкид кард, ки намоишгоҳ барои рушди мутақобилаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, муттаҳид сохтани кӯшишоти ҷонибҳо баҳри амалисозии як қатор лоиҳаҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахши истеҳсоли маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.
Дар навбати худ раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Сочи Вадим Левченко густариши робитаҳо бо корхонаҳои Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳор кард, ки дар бахшҳои иқтисоду савдо, алоқа, кишоварзӣ ва саноати кӯҳкориву зербино миёни кишварҳо ҳамкориҳои муваффақона ба роҳ монда шудаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста