Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2013» барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. 200 млн. сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.
Ба қавли вазири молия, соли ҷорӣ дар ҳаҷми 100 млн. сомонӣ афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар назар аст. «Ахири моҳи июни соли гузашта таҳқиқоти фанниву иқтисодӣ ва таъсироти зистмуҳитиву иҷтимоии лоиҳаи Нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба итмом мерасанд ва мо умедворем, ки онҳо ба натиҷаҳои мусбати идомаи сохтмон анҷом ёфта, пас аз эълони натоиҷи ташхис маблағгузории пурраи сохтмони нерӯгоҳ роҳандозӣ мешавад», - гуфт С.Наҷмиддинов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».
Вазири молияи ҷумҳурӣ таъкид кард, ки ба аввали моҳи ноябр дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз маблағи умумии 1 млрд. 100 млн. сомонии барои соли равон ҷудгардида қариб 75%-и маблағҳо азхуд карда шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки айни замон аз ҷониби Бонки ҷаҳон арзёбии фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» ҷараён дорад. Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бо ишораи эҳтимоли рахна шудани сарбанди нерӯгоҳ бар асари заминларзаи имконпазир шадидан мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст, аммо дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки нигарониҳои Тошканд ҳеҷ асосе надоранд, зеро тӯли чаҳор даҳсола аст, ки дар кишвар бо ҳамин навъ сарбандҳо нерӯгоҳҳо фаъолият дошта, устувории худро зоҳир намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста