Чанде қабл дар шаҳри Варшава ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гашт. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисмати тоҷикистонии комиссия Умеди Давлатзод ва ҳайати Лаҳистонро Муовини вазири иқтисоди ин кишвар, раиси қисмати лаҳистонии комиссия Анджей Диха раҳбарӣ карданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун муайян карда шуданд.
Зимни ҷаласа Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Лаҳистон ба имзо расид. Зери ин санад аз ҷониби Тоҷикистон Раиси кумитаи мазкур М.Неъматов ва аз ҷониби Лаҳистон Муовини вазири варзиш ва сайёҳии ин кишвар Катаржина Собирайска имзо гузоштанд. Бахши сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба маҳсуб мешавад ва ин санад заминаи ҳуқуқиро барои рушди ҳамкориҳо миёни субъектҳои сайёҳии ду кишвар ва истифодаи иқтидори ҷонибҳоро дар ин соҳа таъмин хоҳад кард.
Аз рӯи натиҷаи кори Комиссия Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматиро Тоҷикистону Лаҳистон ба имзо расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста