Русия аз Тоҷикистон оид ба лоиҳаи созишнома дар бораи воридоти махсулоти нафтии ин кишвар ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ посухро интизор аст.
Муовини вазири энергетикаи Русия Анатолий Яновский ба унвони муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев мактубе ирсол намуда, дар он лоиҳаи созишнома иборат аз 13 моддаро ба баррасӣ пешниҳод ва муайян кардани мавқеи Тоҷикистон дар ин масъаларо дархост кардааст.
Дар лоиҳаи созишномаи ҷониби Русия ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои созишномаи мазкур, ҳаҷми талаботи дохилии Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ дар соли минбаъдаи тақвимӣ ва дигар масоили дахлдор пешбинӣ шудаанд.
Дар робита ба масъалаи шартҳои Русия оид ба дубора ба кишварҳои сеюм интиқол надодани (реэкспорт) маҳсулоти нафтии аз Русия воридшуда дар шартнома зикр мегардад, ки интиқоли дубораи маҳсулоти нафтии аз Русия ва ё аз кишварҳои узви Иттиҳоди Гумрукӣ воридшуда, ки истеҳсолаш дар Русия сурат гирифтааст, манъ аст.
«Дар сурати ошкор гардидани далели ба кишвари сеюм интиқол додани маҳсулоти нафтии Русия аз Тоҷикистон, ҷонибҳо бояд гуфтушунидҳои мувофиқасозӣ анҷом дода, дар сурати ба созиш нарасидан, Русия дар муддати ду моҳ ба мутаваққиф сохтани интиқоли маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ ҳуқуқ дорад», - гуфта шудааст дар лоиҳаи созишнома.
Дар мавриди муҳлати ҳукми қонунӣ гирифтани созишнома, бино ба ин лоиҳа, аз замони ба имзо расидан то мавриди амал қарор гирифтани созишнома бояд 60 рӯз сипарӣ гардад.
Ҳамчунин дар лоиҳаи созишнома бобати ба як ё якчанд ширкат додани ҳуқуқи пурраи дар ихтиёр доштани ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ишора нашудааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи баъзе маълумот, маҳз масъалаи дубораи ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияи созишнома дар ин хусус боис гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста