Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли равон 4 млрд. 117 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12% ё худ 442 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1 млрд. 905 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 87 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 1, млрд. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7% зиёдтар мебошад.. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷмибеш аз 3 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 14,6 бештар аст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 68%, мошину таҷҳизот – 45%, фулузоти арзон ва маснӯоти он – 21% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 11% коҳиш ёфт. Содироти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,4 баробар, маҳсулоти минералӣ – 2,1 баробар ва металлҳои қиматбаҳо ба миқдори 37% афзуд.
Дар ҳамин ҳол, моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,3 баробар, маҳсулоти рустанӣ – 36%, маҳсулоти тайёри ғизоӣ – 15% зиёд шуд.
Воридоти гази табиӣ аз рӯйи ҳаҷм 23% ва аз рӯйи арзиш 15% коҳиш ёфт. Тӯли моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 33,8 млн. $ 116,3 млн. метри мукааб газ ворид карда шуд.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол Русия боқӣ монда, дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 835 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Чин – 565 млн. $, Қазоқистон – 554 млн. $, Туркия – 468 млн. $, Афғонистон – 188 млн. $ ва Эрон – 187 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста