Дар зарфи 10 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии ҳудуди 18 млн. $ нерӯи барқ содирот намуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ҳаҷми зикршуда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 маротиба зиёдтар аст. Дар зарфи 10 моҳи соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 3 млн. доллари ИМА нерӯи барқ содирот карда буд.
Дар давраи сипаришуда нерӯи барқи Тоҷикистон асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва баъзан ба миқдори начандон зиёд ба Қазоқистону Қирғизистон низ содирот гардидааст. Дар мавсими тобистон тавассути хатҳои барқи Қирғизистон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон шабонарӯзӣ то 500 кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд.
То аввали моҳи октябри соли ҷорӣ тавассути хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» ширкати «Барқи тоҷик» ба Афғонистон шабонарӯзӣ бо қимати 3,57 сент барои 1 кВт/соат то 3 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медод.
Дар ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ҷумҳурӣ ба норасоии нерӯи барқ дучор гардида, дар ин робита интиқоли ҳаҷми зиёди он ба Афғонистон қатъ карда шуд. Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», феълан тавассути хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» шабонарӯзӣ ҳамагӣ 10-15 МВт шиддати ҷараёни нигоҳдории муҳофизатӣ мегузарад.
Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар, моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки ба ҳисоби миёна 38 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз рост меояд. Дар маҷмӯъ тӯли моҳҳои январ-октябри соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 14,1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гардидааст (ба ҳисоби миёна 46 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз).
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳаҷми камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳудуди 3 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста