Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Киев ҷаласаи 58-уми Шӯрои Созмони байнулмилалӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар бахши саноати электротехникии «Интерэлектро» баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги Tajinfo дар Русия, иштирокчии ин ҷаласа Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар кори ҷаласа ҳайати намояндагони вазорату идораҳои дахлдори 24 кишвари узви Шӯро ширкат варзиданд. Дар ҷаласа масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва барномаи рушди «Интерэлектро» барои соли 2013 баррасӣ шуданд.
Ба қавли номбурда, узви Шӯро аз Қазоқистон, доктори улуми физикаву математика, академики Академияи байнулмилалии улуми электротехникӣ ва Академияи ҷаҳонии амнияти комлексӣ Куралбой Бухорбоев раиси Шӯро ва зодаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи «Интерэлектро» бо собиқаи кории 14-сола, узви ҳақиқии Ассотсиатсияи минтақавии «Самаранокии энергетикӣ ва меъёрбандӣ» («Энергоэффективность и нормирование») ва узви Академияи ҷаҳонии амнияти комлексӣ Рӯзи Неъматов мудири Котиботи «Интерэлектро» интихоб шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натоиҷи ҷаласаи 58-уми «Интерэлектро» Протокол ба имзо расид, ки аслан ба муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷонибҳо дар замони муосир равона шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста