Дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми содироти алюминии аввалия аз Тоҷикистон 221,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 12,3 ҳазор тонна камтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, маблағи содироти алюминий дар соли равон ба 448,5 млн. $ баробар шудааст (соли гузашта 629,2 млн. $).
«Дар муқоиса бо моҳи октябри соли гузашта қимати алюминий аз 2 ҳазору 688 $ то 2 ҳазору 026 $ поин рафт, ки сарфи назар аз коҳиши ҳаҷми начандон назаррас, ба маблағи умумии он бетаъсир намонд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 210,7 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи октябри соли гузашта ба андозаи 0,2 фоиз зиёдтар аст.
Бино ба пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар ширкати «ТАЛКО» ба 387,6 ҳазор тонна хоҳад расид. Соли гузашта ширкат 349 ҳазор тонна алюминии авввалия истеҳсол карда буд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 26-уми ноябр дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати алюминий ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 996 $ барои як тоннаро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста