Си. Си. Ю (C. C. Yu) намояндаи нави доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон таъин карда шуд.
Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Си. Си. Ю рӯзи 29-уми ноябр ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кард.
«Ман хеле хушнудаму ифтихор дорам, ки дар инҷо қарор дорам, - изҳор кардааст намояндаи нави бонк дар ҶТ. – Ҳамкории БОР ва Тоҷикистон дар сатҳи хуб роҳандозӣ шуда, ман оғози фаъолият бо ҳукумати кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикон оид ба рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бесаброна интизорӣ дорам, то ки дастгирии БОР ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон суръати бештар бахшида, ба рушди устувори иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намояд».
Намояндаи нави доимии бонк ба таъмини барномаҳои БОР барои рушди Тоҷикистон масъул хоҳад буд, ки самтҳои афзалиятноки он беҳбуди зербинои бахши энергетикаву нақлиёт ва дастгирии рушди бахши хусусӣ мебошад.
Си. Си. Ю шаҳрванди Канада буда, дорои дараҷаи доктори ҷуғрофия ва тарҳрезии Донишгоҳи Торонто мебошад. Ӯ аз соли 2000-ум дар БОР фаъолият дошта, дар бахшҳои идоракунӣ, таҳияи лоиҳаҳо дар бахши гуногуни иқтисоду ҷомеа таҷрибаи тахассусии 20-солаи корӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 966 млн. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмак техникӣ ҷудо кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста