Дар бозори фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ҳиссаи ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» 17%-ро ташкил медиҳад.
Дар қаламрави Тоҷикистон 25 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 4 база (анбор)-и захираи нафти корхонаи фаръии ширкати русиягӣ амал мекунанд.
Зимни маҷлиси Шӯрои мудирони ширкат дар Маскав дар бораи натиҷаҳои фаъолияти корхонаи фаръии «Газпромнефт» дар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии «Газпоромнефт», дар Қирғизистон 109 нуқтаи фурӯш ва 8 анбори захираи маҳсулоти нафти ширкат амал карда, аз соли 2010 ҳаҷми фурӯши чакана ба андозаи 77% - аз 235 ҳазор то 416 ҳазор тонна дар як сол афзудааст.
Гуфта мешавад, тӯли 2 сол «Газпромнефт» ҳаҷми фурӯши чакана дар Қазоқистонро зиёда аз 7 маротиба – аз 24 ҳазор то 172 ҳазор тонна афзуда, шумори нуқтаҳои фурӯш ду баробар зиёд шудаанд ва айни замон беш аз 40 ададро ташкил медиҳанд. То соли 2020 дар Қазоқистон ишғол намудани наздики 6%-и ин бозор тарҳрезӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста