Ширкати бритониёии Kryso resorcec сохтмони корхонаи истихроҷи тило дар кони «Покруд»-ро оғоз намуда, ният дорад, ки то охири соли 2013 корҳои сохтмониро ба итмом расонад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Покруд» (ширкати фаръии Kryso дар Тоҷикистон) хабар доданд, иқтидори аввалияи корхона истихроҷи 600 ҳазор тонна маъдан ва 2 тонна тило дар як солро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин нуқра низ истихроҷ хоҳад шуд.
«Тибқи лоиҳа хароҷоти сохтмон зиёда аз 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, сохтмони роҳҳо ва таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияти корхона дар назар аст. Корҳои геологии иктишофӣ то мавриди истифода қарор гирифтани корхона идома меёбанд», - гуфтанд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми сармояи зарурӣ барои рушди корхона 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати хароҷотбарории лоиҳа ба арзиши тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста хоҳад буд.
Зимнан зикр гардид, ки дар таркиби маъдани ин кон тило 4,43 грамм дар як тоннаро ташкил медиҳад. Аз соли 2005 ширкати Kryso барои корҳои иктишофӣ ва омӯзиши ин кон беш аз 20 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста