Ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди ағбаи Хобуробод, ки тариқи ноҳияи Тавилдара маркази кишварро бо ВМКБ мепайвандад, манъ карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, манъи ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ ба боришоти зиёди барф дар минтақаи мазкур вобаста аст. Айни замон баландии барф дар ағба аз 40 см то 1 метрро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, барқарор шудани ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ танҳо нимаи моҳи майи соли оянда дар назар буда, дар ин давра ҳаракати нақлиёт аз пойтахти ҷумҳурӣ ба ВМКБ тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Шӯрообод-Дарвоз-Хоруғ амалӣ мегардад.
Зимнан зикр гардид, ки ҳаракати нақлиёт дар дигар роҳҳои мошингарди кишвар тавассути ағбаҳои баландкӯҳ мувофиқи реҷаи муқаррарӣ ба роҳ монда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста