Дар доираи такмили фаъолияти фурудгоҳи Душанбе дар бахши хизматрасонӣ ба мусофирон, қарор шудааст, ки низоми нави автоматии бақайдгирӣ ва таъминоти барномавӣ комилан нав карда шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ин робита дар толорҳои хизматрасонии фурудгоҳ платформаи КЮТ УЛТРА ДИ СИ ЕС (CUTEULTRADCS)–ро насб карда шуд. «Платформаи мазкур ва нуқтаҳои нави бақайдгирии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир ва пешқадам ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкоридошта имконият медиҳад, ки мусофирони худро тариқи низоми автоматии хеш ба қайд гиранд», - иброз дошт вай.
Ба қавли М.Шодиев, барои идора намудани системаи нави бақайдгирӣ, ки ҳамакнун насбсозии он ба анҷом расидааст, мутахассисоне заруранд, ки тамомии дастгоҳҳоро идора намуда тавонанд.
«Бо мақсади омода намудани мутахассисон аз ширкати Рапискан муҳандиси коршинос ҷаноби Бену Бинепал даъват шуд ва раванди омӯзиш шурӯъ гардидааст. Алъон панҷ нафар кормандони Хадамоти истифодаи таъминоти радиотехникии алоқа бо таҳсил фаро гирифта шудаанд», - зикр кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки ҷаноби Бинепал 63 сола буда, 37 сол таҷрубаи корӣ дорад. Тахассуси муҳандисиро дар Лондон азбар карда, дар 50 кишвари ҷаҳон корбарии системаи мазкурро омӯзонидааст. Дар кишварҳои Туркия, Сурия, Либия, Қувайт, Дубай, Россия, Мексика ва минтақаи аврупоию ҳинду индонезӣ кор кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста