ҶСК «Корхонаи коркарди металлҳои рангаи Екатеринбург» ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамкорӣ пешниҳод кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, ин корхона дар бахши таъмин бо металлҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин маснуоти нимтайёр барои омодасозии тангаҳои нуқраву тило ҳамкорӣ пешниҳод намудааст.
«Мо ба ин пешниҳод таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хостори дарёфти маълумоти бештар дар бораи шартҳои ҳамкорӣ гардидем ва агар шартҳои онҳо барои мо қобили қабул бошанд, албатта ҳамкорироҳоро роҳандозӣ хоҳем кард», - зикр карданд дар БМТ.
Ба иттилои намояндагони БМТ, дар ин самт бонки асосии кишвар феълан бо кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкорӣ дошта, аз он қаноатманд аст.
«Соли оянда дар ҷумҳурӣ корхонаи бузурги коркарди металлҳои ранга мавриди истифода қарор мегирад ва мо дар онҷо низ фаъолият карданием», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ҶСК «Корхонаи коркарди металлҳои рангаи Екатеринбург» ҳанӯз зимни сафари мақомоти раҳбарии корхона ба Тоҷикистон натанҳо ба БМТ, балки ба Вазорати молия ва корхонаҳои хусусии ҷумҳурӣ низ ҳамкорӣ пешниҳод намуда буд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба коркарди тилову нуқра ва истеҳсоли сабикаҳо аз металлҳои қиматбаҳо корхонаи «Востокредмет» машғул аст. Аз корхонаи мазкур иттилоъ доданд, ки истеҳсоли сабикахои вазни 100-200 грамм саноатӣ набуда, танҳо тибқи фармоишот тайёр карда мешаванд.
Ғайр аз ин, аввали соли оянда корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳои корхонаи истихроҷи тилои «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин бо иқтидори истеҳсолии 5 тонна дар як сол ба истифода дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста