Дар зарфи 11 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,3%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 5,6%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 6,2% ва тарофаҳои хизматгузорӣ ба миқдори 9,6% зиёд шуданд.
Дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки моҳи октябр мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 0,2% баробар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ахири ҳафтаи гузашта дар маросими рӯнамои гузориши Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки аз рӯи натоиҷи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон аз 7% поинтар хоҳад буд.
Ба қавли вай, дар муқоиса бо пешбиниҳои интизоридошта суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ соли равон камтар шуданд. Аввали соли равон БМТ мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 10,2% пешгӯӣ карда буд.
«Барои ноил гардидан ба ин натиҷаҳо мо иқдомоти муайяне, аз ҷумла меъёри бозтамвилро аз 9,80% то 6,50%-и солона поин бурда талабот ба захираҳои ҳатмии бонкҳоро низ ба андозаи 2% коҳиш додем», - изҳор дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Ари Айзен зикр кард, ки давоми сол мизони таваррум дар кишвар пасттар буда, аммо он ба тағийроти нархҳо ба маводи ғизойӣ дар ҷаҳон хеле ҳассос аст.
«Сатҳи таваррум моҳи июл то 4,5% коҳиш ёфта, айни замон то 6,5% афзуд. Ин ба болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маводи ғизойӣ вобаста буда, ба яке аз ҳолатҳои осебпазирии Тоҷикистон нисбат ба омилҳои беруна ишора мекунад», - гуфт ӯ.
Тибқи пегӯии навшудаи ХБА, ахири соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 6% ва соли 2013 – 8,1%-ро ташкил хоҳад дод. Қаблан ХБА сатҳи таварррум дар Тоҷикистон дар соли равонро 8% пешгӯӣ карда буд.
Ёдрас мекунем, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,1% ва аз рӯи натоиҷи соли 2011 – 9,3%-ро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста