Ширкати «Барқи тоҷик» дар як изҳороти худ итттилоъ медиҳад, ки вобаста ба хабари дар баъзе воситаҳои ахбори омма паҳн гардида бобати ба Афғонистон интиқол додани барқ хотиррасон менамояд, ки миқдори барқи ба ин кишвар ҳар шабонарӯз интиқолдода, ки камтар аз 3 фоизи миқдори умумии барқи истеҳсолнамуда дар кишварро ташкил медиҳад ва ин ба таносуби умумии таъминоти барқ барои аҳолӣ ва хоҷагии халқи кишвар тақрибан таъсире намерасонад.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки интиқоли ин микдори барқ барои дар зери шиддат нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ ва таҷҳизот ба хотири ғорат нашудани онҳо ҳатмист.
«Дар фасли тобистон, вақте мо барқи зиёдатӣ дорем ва дар аксари мавридҳо маҷбур мешавем обро беҳуда, яъне берун аз коркарди агрегатҳо, партоем, дар ҳар шабонарӯз ҶИА аз мо то 6 миллион кВт.соат ва аз ин ҳам зиёд барқ мегирад. Мо барои дар фаслҳое, ки мардуми худамон аз барқ танқисӣ мекашад, бо Афғонистон ягон ӯҳдадории барқ доданро ба дӯш надорем», - баён мегардад дар изҳорот.
Дар идома гуфта мешавад, дар ин шабонарӯз мақсади асосии Ширкати «Барқи Тоҷик» пеш аз ҳама таъмини аҳолӣ дар реҷаи муайяншуда мебошад. Бо ин мақсад интиқоли барқ ба истеъмолкунандагони калони Ширкат, аз ҷумла Заводи алюминии тоҷик, нисбат ба соҳои қаблӣ то 3-4 миллион кВт.соат дар ҳар шабонарӯз кам карда шудааст.
Ҳамчунин таъкид мегардад, ки реҷаи таъмини барқ тавассути телефонҳои навбатдорӣ, ки ахбори онҳо ба роҳбарияти Ширкат расонида мешавад, ҷиддан таҳти назорат қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста