Дар Душанбе туҳфаи беҳтарини соли равон барои сайёҳон муайян карда мешавад. Муаллифони 9 адад маснӯот аз рӯи натоиҷи озмун миёни косибони Тоҷикистон интихоб карда шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, санаи 21-уми декабр ғолибони се ҷойи аввал бо диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 500 то 2 ҳазору 500 сомонӣ сарфароз карда мешаванд.
«Аз маҳсулоти 75 нафар иштирокчиёни ярмаркаи косибони Тоҷикистон, ки аввали моҳи декабр дар Маркази исмоилиёни пойтахт доир гардид, комиссия 9 адад маснӯоти беҳтаринро интихоб намуд, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ буда, хушсифату арзон ва симои миллӣ, таърих, фарҳанг ва табиати Тоҷикистонро таҷассум месозанд», - гуфтанд дар Кумита.
Ба иттилои манбаъ, соли равон ба рӯйхати туҳфаҳои беҳтарини сол гарданбанди нуқра, тоқӣ, ҷуробҳои помирӣ, шамъдон ва дигар маснӯот шомил гардиданд.
Зимнан зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 созмон дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста