Дар давоми соли 2012 ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба рушди кони сурбу руҳи «Зарнисори Шимолӣ» (Олтин-топкани шимолӣ) беш аз 5 млн. сомонӣ (зиёда аз 1 млн. $) маблағгузорӣ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, соли 2013 гирифтани иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои нимаметаллӣ аз захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ, иҷрои корҳои иктишофиву геологӣ ва пармаи чоҳҳои иктишофӣ дар чуқурии 5,3 ҳазор метр дар назар аст.
«Дар ҳамдастӣ бо «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» лоиҳаи «Иктишофи ҷузъии самти ҷанубу ғарбии кони «Зарнисори Шимолӣ» таҳия гардида, маводи геологӣ барои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии нишондиҳандаҳои доимӣ ва ҳисобу китоби захираҳои сурбу руҳ дар кон омода ва ин кор соли оянда идома дода мешавад», - гуфтанд дар ширкат.
Дар ширкат аз ифшои миқдори захираҳои кон ва ҳаҷми сармоягузориҳои оянда, ки ширкат барои сохтмони корхонаи металлургӣ равона карданӣ буд, худдорӣ варзиданд.
Аз рӯи майдон кони «Зарнисори Шимолӣ ҳамчун кони бузург арзёбӣ мешавад. Дар кони мазкур ба ҷуз сурбу руҳу нуқра, ҳамчунин мавҷуд будани захираҳои тило, висмут, селен, теллур, таллий, индий, галлий ва германий эҳтимол меравад. Соли гузашта арзиши умумии корҳо 100 млн. сомонӣ арзёбӣ гардида буд, ки ҳудуди 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста