Ҳафтаи равон Русия ба мактуби расмии ҳукумати Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Созишнома дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ посух ирсол намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, қаблан Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро бо иловаҳо ба Русия фиристода буд. «Вазорати энергетикаи Русия посух дод, ки дар мавқеи худ боқӣ мемонад , - гуфт манбаъ. – Айни замон ин масъала мавриди омӯзиши ҳукумат ва шахсан нахуствазири ҷумҳурӣ қарор дорад».
Ба иттилои манбаъ, агар тамоми масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо намоянд, ахири ҳамин моҳ созишнома дар Душанбе ба имзо мерасад.
Қобили зикр аст, ки тибқи баъзе маълумот, масъалаи дубораи ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияи созишнома дар ин хусус боис гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон тадриҷан аз 95%-и соли 2010 соли равон то ҳудуди 50% поин рафт.
Дар ҳамин ҳол, ҳодисаҳои қочоқи бензин аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон зиёд шуда, ҳиссаи ин кишвар дар воридоти расмии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз 0,5%-и соли гузашта соли ҷорӣ то 12% боло рафт, зеро маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, нархи он нисбат ба Тоҷикистон пасттар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Куллиев Фирдавс23 декабр, 2012 23:29
Дар хакикат масъалаи нафти на танхо барои ЧТ, балки ба шумораи зиёди давлатхо масъалаи мутташаннич аст. Хамин тавр сол аз сол шароити доду гирифти ин намуди махсулот мушкилтар мегардад ва ин фикр ба хаммаи мо маълум мебошад. Созишномаи ЧТ ва ФР низ дар инчо истисно нест. Инчунин набояд фаромуш намуд, ки ФР истехсолгари бузургтарини нафти ба шумор меравад ва вобаста ба ин барои давлати мо мушкил аст таъминотчии алтернативиро дарёфт намояд. Аз инру мо эхтимол дорем, ки аз тарафи мо, созишнома кабул мешавад.