Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ қариб ба 3,3 млрд. $ баробар шуд.
Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане») зикр мегардад, ки моҳи ноябр ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон каме бештар аз 305 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 11 фоиз зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, моҳи октябри соли равон ба Тоҷикистон тақрибан 380, сентябр – беш аз 421, август – 436, июл – 385, июн – 320, май – 275, апрел – 241, март – 201, феврал – 165 ва январ низ тақрибан 165 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода шудааст.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33 фоиз зиёдтар аст.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия бошад, соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз 3 млрд. доллари ИМА бештар буд.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориш бо такя ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ зикр мегардад, ки моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 825 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр карда, каме бештар аз 575 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бошад, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста