Аз 31-уми декабри соли равон интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қатъ мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» манбаъҳои муътамади наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар «Узбекнефтегаз» ва сохтори он «Узтрансгаз» чунин тасмим гирифта шудааст.
«Гуфтушунид барпо нашуд. Ӯзбекистон сабаби чунин тасмим гирифтанро шарҳ намедиҳад, вале ба «Тоҷиктрансгаз» огоҳинома расид, ки аз 31-уми декабр интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя қатъ карда мешавад ва аллакай ҳаҷми воридоти газ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи январ ва моҳи апрели соли равон низ чунин вазъ ба миён омада, он замон ин масъала зимни сафари як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба Тошканд ҳал шуда буд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли равон Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекстон 125 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид кард. Моҳи ноябр каме бештар аз 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи октябр 2 млн. метри мукааб зиёдтар аст.
Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 35 млн. метри мукааб камтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст. Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, аз соли 2009 зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста