Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилотҳое, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат ба миён меоянд ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои марбут ба истифодабарии қартаҳои пластикӣ аз имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ ба кор шуруъ намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон акнун ҳар муштарӣ ва соҳибони қартаҳои пардохтӣ метавонанд дар мавриди камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода бурдан аз хизматрасонии банкоматҳо рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами (+992 44) 600-15-20 ба БМТ хабар диҳанд.
Чанде қабл дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат зикр гардида буд, ки тибқи маълумоти омодашуда то 1 ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 416 банкомат мавҷуд аст.
«Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки аз 200 банкоматҳои санҷидашуда 54-тои он бо сабабҳои техникӣ, надоштани пул ва ғайра кор намекарданд. Ҳамчунин маълум гардид, ки вазъи ташвишовар бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад», - гуфта шуд дар мулоқот.
Дар робита ба ин, ба бонкҳо тавсия дода шуд, ки дар рӯзҳои баланд будани талабот ба пули нақд – рӯзҳои додани маош, стипендия, нафақа ва дигар намуди пардохтҳо нуқтаҳои иловагии пешниҳоди пули нақд, ки бо PОS-терминалҳо ҷиҳозонида шудаанд, ташкил карда шаванд, инчунин ба коршоямии шабонарӯзии банкоматҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар баробари ин, дар марказҳои савдо ва бозорҳо ҷойгир намудани POS-терминалҳо барои ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи қартаҳои пластикӣ мувофиқи матлаб аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста