Чанде қабл бо иштироки нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷаласаи ҳукумати кишвар доир гардид, ки дар он лоиҳаи Созишномаи воридоти маҳсулоти нафтӣ миёни Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки ба Созишномаи мазкур Тоҷикистон дигар тағйироте пешниҳод намекунад, зеро Русия мавқеи худро тағйир надод ва ин баррасии ниҳоӣ пеш аз имзои созишнома буда, натиҷаи он шояд рӯзҳои наздик эълон карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки дар робита ба банди 7-и ин созишнома дар бораи манъи содироти дубораи маҳсулоти нафтии Русия, Тоҷикистон изҳор карда буд, ки ин банд ҳатмӣ нест, зеро дар чаҳорчӯби ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) миёни кишварҳо Созишнома дар бораи манъи содироти дубора ба имзо расидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли равон миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Қаблан Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро бо иловаҳо ба Русия фиристода буд, вале Вазорати энергетикаи Русия посух дод, ки дар мавқеи худ боқӣ мемонад.
Тибқи баъзе маълумот, маҳз масъалаи дубора ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияву имзои созишнома дар ин хусус боис гардидааст.
Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон тадриҷан аз 95%-и соли 2010 соли равон то ҳудуди 50% поин рафт.
Дар ҳамин ҳол, ҳодисаҳои қочоқи бензин аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон зиёд шуда, ҳиссаи ин кишвар дар воридоти расмии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз 0,5%-и соли гузашта соли ҷорӣ то 12% боло рафт, зеро маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, нархи он нисбат ба Тоҷикистон пасттар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста